Семинар машварати омӯзишӣ бо донишҷӯёни Маркази таълимии занон “Сарвар” дар Душанбе

15 апрели соли 2026 дар бинои IT Park-и шаҳри Душанбе семинар-машварати омӯзишӣ таҳти унвони “Асосҳои омӯзиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва равандҳои рақамикунонӣ дар фаъолияти таълимии донишҷӯёни Маркази таълимии занон “Сарвар”” баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва бо назардошти эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун солҳои рушди рақамикунонии иқтисодиёт ва инноватсия ташкил шуд.

Дар семинар мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва барномаи электронии eDonish бо баромадҳои назариявӣ ва амалӣ иштирокчиёнро бо истифодаи технологияҳои муосир, низомҳои рақамӣ ва ҳуҷҷатгузории электронӣ шинос намуда, ба онҳо малакаҳои зарурӣ пешниҳод карданд.

Намояндаи КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” низ дар чорабинӣ ҳузур дошта, дар бораи нақши рақамикунонӣ ва инноватсия дар рушди устувори шаҳр ва имкониятҳои ҷалби ҷавонон ва бонувон ба самтҳои технология ва рақамикунонӣ маълумоти муфид ироа намуд.

Баргузории ин семинар ба таҳкими дониш ва малакаҳои ҷавонон ва бонувон дар самти технологияҳои иттилоотӣ мусоидат намуда, заминаи муҳиме барои ҷалби онҳо ба равандҳои рақамикунонӣ ва инноватсия фароҳам овард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top