16 апрели соли 2026 бо ташаббуси КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар IT Park-и пойтахт як гурӯҳ хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқат (ЛБХБ) ба экскурсия ҷалб гардиданд.
Хонандагон, ки ба техника ва технология шавқу ҳавас доранд, имконият пайдо карданд аз наздик бо инфрасохтори муосир, ва лоиҳаҳои амалкунандаи IT Park шинос шаванд. Дар рафти экскурсия ба онҳо фаъолияти тарҳҳои навоварона ва имкониятҳои рушди соҳаи иттилоотӣ муаррифӣ гардид.
Ин иқдом бо мақсади ҳавасмандгардонии насли ҷавон ба самтҳои технология ва инноватсия, инчунин ташаккули ҷаҳонбинии муосири технологӣ амалӣ шуд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte