Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бошад!

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро, ки ҳамасола 1-уми июн ботантана таҷлил мегардад ба тамоми кӯдакону наврасони Тоҷикистони соҳибистиқлол муборакбод гуфта, барояшон даврони босаодати наврасӣ, осмони соф, оромию осудагӣ ва хандаи беолоиши тифлиро таманно дорем.

Кӯдакону наврасон ояндаи ҳаёти инсонӣ буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагиву омӯзиши онҳо вазифаи ҷонии давлат, насли калонсол ва оилаҳои ҳар як кадоми онҳост. Аз ин рӯ, умед бар он дорем, ки насли навраси Тоҷикистони азиз соҳиби иқболи нек ва идомадиҳандаи расму оинҳои ниёгонамон бошанд.

Ҳама рӯзатон пур аз хандаву нишот ва лаҳзаҳои пуртароват бошад, насли ояндасози миллат!

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top