Вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо муовини котиби кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян – Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, котиби Ҳизби Коммунистии Чин дар шаҳри Урумчӣ Чжан Чжу

Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ бо муовини котиби кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян – Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, котиби Ҳизби Коммунистии Чин дар шаҳри Урумчӣ Чжан Чжу, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд, мулоқот намуданд. Зимни музокирот вазъи кунунӣ ва дурнамоӣ ҳамкориҳо миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ноҳияи Мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, хосса шаҳри Урумчӣ дар чаҳорчӯби муносибатҳои бародаршаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

https://t.me/RustamEmomali

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top