Аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гашта истодааст, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ ва дигар шарикон тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардидааст, соли 2025 соли Байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шудааст.
Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар чорабинӣ иштирок намуда, тасмимҳои муосири техникии худро дар соҳаи мониторинг ва таҳлили ҳолати пиряхҳо пешниҳод намуданд. Системаҳои рақамии санҷиши фосилавӣ нишон дода шуданд, ки имкон медиҳанд тағиротро дар массивҳои яхбандӣ дар вақти воқеӣ пайгирӣ ва инчунин хатарҳои эҳтимолии обшавии онҳоро пешгӯӣ карда шаванд.
Конфронс платформаи беназир ва имконияти комил барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буда, ба баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи пиряхҳо, инчунин амалисозии тадбирҳои устувор оид ба ҳифзи пиряхҳо мусоидат менамояд.













Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte