Санаи 28-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби зиёда аз 40 корхонаю муассиса ва ташкилотҳо намоиши маҳсулот ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои хатмкунандагони Донишгоҳ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ, Раҳмонзода Зоир Файлазӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки омода намудани мутахассисони рақобатпазири мутобиқ ба талаботҳои бозори меҳнат, аз техника ва технологияҳои нави муосир бархурдор ва эҷодкору навовар яке аз вазифаҳои асосии таълимгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар чорабинӣ намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, оид ба сиёсати кадрии корхона маълумоти мухтасар дода, барои баргузории чунин чорабинӣ ба роҳбарияти Донишгоҳ изҳори сипос намуданд.
Баъди анҷоми ҷаласа меҳмонон ва корфармоёну хатмкунанадгон бо маҳсулоти ба маъраз гузошташудаи намоишгоҳ ва ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ аз наздик шинос шуданд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte