26 майи соли 2025 дар дафтари кории ГТЛ «Рушди устувори шаҳри Душанбе» вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони миссияи шарҳии Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки зимни вохурӣ масълаҳои марбут ба раванади татбиқи лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе», аз ҷумла амалишавии тадқиқотҳо оид ба гузаронидани «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоии лоиҳа барои низоми ҷамъвоарии партовҳои сахти маишӣ ва партовгоҳи шаҳри Душанбе», «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оид ба такмили низоми ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ, аз ҷумла низоми тарифӣ ва биллингӣ дар шаҳри Душанбе» ва «Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ оид ба барқарорсозӣ ва васеъкунии партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душнбе» ва инчунин нақшаи чорабиниҳои ояндаи лоиҳа мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо изҳор намуда, қайд намуданд, ки барои татбиқи босифат ва саривақтии лоиҳа чораҳои зарурӣ андешида мешавад.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte