Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамасола дар саросари ҷаҳон санаи 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ҷашн гирифта мешавад ва ба ин муносибат тамоми алоқамандони ин бозии зеборо, ки бо шаҳомати худ дунёро тасхир кардаст, самимона муборакбод менамоем.
Умедворем, ки футболи мо ба қуллаҳои муроду мақсуди хеш расида, дар рафти баргузориҳои сатҳи ҷаҳонӣ варзишгаронамон ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.
Бо ибрози чунин орзую омоли накӯ ҳамаи мухлисони футбол ва инчунин мардуми шарифи кишварамонро бо таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол самимона шодбош гуфта, барояшон саломатии бардавом, барору комёбиҳои беназир ва бахту иқболи накӯ орзумандем!
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte