20 майи соли 2026 дар бинои КВД “Шаҳри ҳушманд” вохӯрии кории роҳбарияти корхона бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ Григорьев Евгений Дмитриевич узви ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳр ва ҳамроҳонаш аз сохторҳои дахлдори Санкт-Петербург иштирок намуданд.
Дар доираи сафари делегатсия меҳмонон бо фаъолияти корхона, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои он шинос шуданд. Ҳамчунин дар рунамои корхона имкониятҳои он дар самти рақамисозии инфрасохтори шаҳр муаррифӣ гардид.
Ба муҳокимаи самтҳои ояндаи ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд” ва Мақомоти иҷроияи шаҳри Санкт-Петербург таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб анҷом ёфт, ки дар ҷараёни он иштирокчиён андешаҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба густариши ҳамкории минбаъда мубодила карданд.








Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte