22 майи соли 2026 дар бинои IT Park Dushanbe бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои машваратӣ семинари оид ба муаррифии натиҷаҳои тадқиқотҳои лоиҳаи “Рушди устувори шаҳри Душанбе” баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” иштирокчиёнро хайрамақдам намуда, аҳамияти тадқиқотро барои рушди устувори пойтахт қайд карда, ҳамзамон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ дар баромади худ вобаста ба мониторинги тартиби ҷобаҷогузории партовҳои сахти маишӣ қайд намуд.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои муҳими сармоягузорӣ ва такмили низоми идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокима қарор гирифт. Муҳокимаронӣ бо иштироки коршиносон ва намояндагони сохторҳои марбута сурат гирифта, тавсияҳои амалӣ барои татбиқи лоиҳаҳо пешниҳод гардиданд.






Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte