20 майи соли 2026 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоҳирзода Меҳриддин ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи назорати фаъолияти чароғакҳо ва таъмини саривақтии барқ баррасӣ шуд. Дар ҷаласа намояндагони РВКД дар шаҳри Душанбе ва КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» иштирок намуданд.
Дар ҷараёни муҳокима корҳои ҷорӣ оид ба иваз ва насби чароғакҳои ҳушманд дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани амнияти ҳаракати роҳ, кам кардани танбашавии нақлиёт ва такмили низоми идоракунии ҳаракати шаҳр равона шудаанд.
Ба масъалаи навсозии марҳилавии чароғакҳои пойтахт, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии муосир ва баланд бардоштани самаранокии низоми нақлиётии шаҳр таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte