Рӯнамои барномаи электронии «eDonish»

14 феврали соли ҷорӣ дар Маркази татбиқи лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» – Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раҳим Саидзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода барномаи иттилоотӣ дар соҳаи маориф –«eDonish» пешниҳод гардид. Дар чорабинии мазкур ҳамчунин муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, роҳбарони идораҳо ва воҳидҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони шӯъбаҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо иштирок намуданд.

Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» рӯнамои лоиҳаи «eDonish» гузаронида шуд ва қайд карда шуд, барномаи «eDonish» хизматрасонии электроние мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

Зимни муаррифӣ гуфта шуд, ки барномаи мазкур дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оилаю аҳли ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон таҳияву амалӣ гардидааст.

Дар навбати худ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода қайд намуд, ки ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврасу ҷавон ҳамеша дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дошта, маҳз ба хотири баланд бардоштани маърифати ин қишри ҷомеа зарурати татбиқи технологияи нав дар раванди таълим ба миён омадааст.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top