Форуми иқтисоди сабз 2024

15 феврали соли 2024 намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Форуми «Иқтисоди сабз» иштирок намуданд.

Форум ба пешбурди корхонаҳо дар соҳаи иқтисоди сабз бахшида шуда, дар якҷоягӣ бо Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Департаменти корҳои хориҷӣ ва рушди байналмилалии Британияи Кабир (FCDO), Котиботи давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) Швейтсария ва Бунёди Оғохон гузаронида шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» рӯнамои лоиҳаҳоро дар соҳаи иқтисодиёти сабз пешкаш намуд. Таъкид гардид, ки рушди иқтисодӣ бо афзоиши пайвастаи истеҳсолот ва истеъмол ҳамроҳ шуда, дар ин замина «Шаҳрҳои ҳушманд» табдил ёфта, тамоми хизматрасониҳо тадриҷан ба формати электронӣ гузаронида мешаванд.

Форум барои муайян намудани имкониятҳои умумии иқтисодиёти сабз, табодули таҷриба ва дониш шароит фароҳам овард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top