«Digital Almaty 2025»

Рӯзҳои 31 январ то 1 феврали соли 2025, дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон форуми «Digital Almaty 2025» дар мавзӯи: Industrial AI: эволютсияи рақамии оянда баргузор мегарадад.

Форуми «Digital Almaty» аз соли 2018 гузаронида шуда майдони пешбари байналмилалӣ барои муҳокимаи рақамии кишварҳои иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои навтарин ба ҳисоб меравад. Дар Форуми мазкур намояндагони ҳукуматҳои кишварҳо, намояндагони бахши тиҷорат, фондҳои венчурӣ, ширкатҳои IT, коршиносони байналмилалӣ ва стартапҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Дар доираи Форум инчунин намоишгоҳи лоиҳаҳои инноватсионии истифодабарандагони ширкатҳои IT дар соҳаи зеҳни сунъӣ баргузор мегарадад.

Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин Форум иштирок намуда барои табодули таҷриба, ҷустуҷӯи шарикони нав барои ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои нав, инчунин ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ барои ҳамкориҳои минбаъда, татбиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар шаҳри Душанбе ва барои фароҳами имкониятҳои нав фароҳам меоранд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top