Мулоқоти директори КВД “Шаҳри ҳушманд” бодиректори Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 феврали соли 2024 мулоқоти директори КВД «Шаҳри ҳушманд (smart city)-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Саъдӣ Самадзод бо директори Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Этҳем Унал баргузор гардид.

Мавзӯъҳои асосии муҳокима лоиҳаҳои “IT-park”, “eDonish” дар соҳаи маориф, “eTib” дар соҳаи тандурустӣ ва инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи нақлит ва технологияҳои сабз буданд.

Дар доираи ҳамкори бо Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (TIKA) барои кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании дар шаҳри Душанбе курсҳои омӯзишии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои сӯхторхомўшкунӣ, корҳои ҷустуҷўӣ ва наҷотдиҳӣ ва рафъи оқибатҳои садамаҳои нақлиётӣ тайёриҳои назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуданд.

Қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии “Шаҳри ҳушманд” фароҳам овардани муҳити бароҳат ва экологӣ мебошад, ки истифодаи технологияҳои гуногун ва ҳалли технологиро талаб мекунад.

Вобаста ба ин, ҷонибҳо аҳамияти дар оянда барқарор намудани муносибатҳои судманд ва мубодилаи таҷрибаро таъкид карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top