Мизи мудаввар дар доираи «Ҳафтаи технологии Фландрия – Фестивали технология ва инноватсияи Фландрия 2026»


Дар доираи фестивали «Ҳафтаи технологии Фландрия – Фестивали технология ва инноватсияи Фландрия 2026» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он Вазир-Президенти Фландрия ҷаноби Маттиас Дипендэле ширкат варзид.

Дар вохӯрӣ мазкур таъкид шуд, ки рушди технология ва инноватсия омили калидӣ барои тақвияти иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Дар ин нишаст директори КВД «Шаҳри ҳушманд» Саъдӣ Самадзод низ ҳузур доштанд. Таҷрибаи худро дар самти татбиқи ҳалли рақамӣ ва рушди инфрасохтори интеллектуалӣ муаррифӣ намуда, зарурати ҳамкории зичи давлат ва бахши хусусиро барои пешбурди лоиҳаҳои инноватсионӣ суханронӣ кард.

Мизи мудаввар ба мубодилаи афкор ва таҳкими шарикӣ миёни сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва марказҳои илмӣ равона шуда, ҳамчун платформаи муҳим барои муаррифии лоиҳаҳои нав аҳамият хос дошт.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top