Як метр баландтару зеботар. Оғози корҳои гузоштани арчаи солинавӣ дар Душанбе

Аз дастгоҳи раиси шаҳр хабар доданд, ки арчаи солинавии пойтахт имсол баландтарин дар таърихи Тоҷикистон хоҳад буд.

Арчаи солинавӣ дар майдони асосии Тоҷикистон – “Дӯстӣ” гузошта шуда, баландии он 29 метр (соли гузашта – 28 метр) ва масоҳати он дар атрофи поягоҳ 15 метрро ташкил медиҳад.

Бо супориши шаҳрдор Рустами Эмомалӣ арчаи солинавии шаҳри Душанбе бояд то рӯзи 10-уми декабр қомат афрозад.

Тавре аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, ба ҷуз арчаи солинавӣ, дар майдони “Дӯстӣ” як шаҳраки мукаммали афсонавӣ бунёд шуда, дар атрофи арча манзараҳо бо тасвири қаҳрамонҳои афсонаҳои солинавӣ гузошта мешаванд.

Чун солҳои пешин арчаи асосии кишвар имсол низ светодиодӣ ва аз чор ранг иборат буда, ин дафъа онро 16 ҳазор адад бозичаҳо оро медиҳанд.

Шаби 31-уми декабр дар майдони “Дӯстӣ” бо иштироки ситораҳои эстрадаи тоҷик консерти идона баргузор шуда, дар фарҷоми он муддати панҷ дақиқа мушакпарронӣ сурат мепазирад.

Asia-Plus Хабар медиҳад.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top