ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №716 АЗ 15.11.2019

 

Дар бораи тасдиқи Тартиби ба роҳ мондани кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Бо мақсади ҳифзи амнияти иттилоотӣ, таъмини бехатарии шаҳрвандон ва беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба истифода-барандагони шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Қоидаҳои фароҳамоварии хизматрасонии Интернет дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2001, №389 тасдиқ шудааст,

 

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Тартиби ба роҳ мондани кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi дар ҳудуди шаҳри Душанбе тибқи замима тасдиқ карда шавад.

  2. Хизматрасонии кори шабакаи иттилоотӣ-телеком-муникатсионии Интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи Тартиби дар банди 1 қарори мазкур зикргардида ба роҳ монда шавад.

  3. Рафти иҷрои Тартиби мазкур ба зиммаи Корхонаи вохиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

  4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси васеъи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Илова кунед

scroll to top