ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №375 АЗ 07.07.2023

Дар бораи Пардохти ҳушманд (Smart Pay)

Бо мақсади рушди бахши молиявӣ, таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи Пардохти ҳушманд (Smart Pay), иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586, «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ва бо инобати мактуби Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 5 июни соли 2023, №144, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шурӯъ аз 1 августи соли 2023 ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ истифодабарии барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро дар фаъолияти кории худ тибқи замима ба роҳ монанд.

2. Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 1 қарори мазкур ҳамоҳангсози барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)» муайян карда шавад.

3. Шуъбаи технология ва коммуникатсия ва шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеъи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монанд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

Рустами Эмомалӣ

Манбаъ: Dushanbe.tj

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top