ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №716 АЗ 30.12.2022

Дар бораи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии «Сутунпояҳои махсуси таъинотӣ» дар ҳудуди шаҳри Душанбе

Бо мақсади ташкили заминаҳо барои рушди инфрасохтори шаҳрӣ ҷиҳати амалишавии лоиҳаи «Сутунпояҳои махсуси таъинотӣ» баҳри беҳтар намудани сифати алоқаи мобилию интеренет, тақвият додани мавҷи алоқа барои истифодабарандагони хизмарасониҳо, бо инобати муроҷиати Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 13 декабри соли 2022, №491, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Ба Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ харҷномавӣ, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва тарҳи (дизайни) лоиҳаи «Сутунпояҳои махсуси таъинотӣ» иҷозат дода шавад.
2. Барои интихоб намудани лоиҳаи беҳтарин шакл ва намуди сутунпоя озмуни кушодро эълон намуда, ҷиҳати ҷалби сармоягузор тибқи талаботи қонунгузорӣ баҳри амалишавии лоиҳаи «Сутунпояҳои махсуси таъинотӣ» тадбирҳо андешад.
3. Ширкатҳои мобилӣ тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати беҳтар намудани суръату сифати алоқаи мобилӣ ва интернет оид ба насб намудани таҷҳизотҳо дар сутунпояҳои махсуси таъинотӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

4. Сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, баҳри насби сутунпояҳои махсуси таъинотӣ ва таъмини назорати сифати алоқаи мобилӣ ва интернет минтақаҳои ҳудуди шаҳри Душанберо муайян намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

scroll to top