Раванди рақамикунонӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе

15-уми апрели соли равон ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2021, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 январи соли 2025, №911 дар бораи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон намудани солҳои 2025-2030 дар Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе вохурӣ баргузор гардид, ки дар он Хушвахт Шарифзода, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Бобоев Фарҳод, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”, роҳбарият ва сармуҳосибони муассисаҳои зерсохтори раёсати мазкур иштирок намуданд.

Зимни вохурӣ масъалаҳои муҳими ҷорӣ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе баррасӣ гардида, дар ин замина ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас аз ҷониби сардори Раёсати тандурустӣ Хушвахт Шарифзода дода шуд.

Раёсати Тандурустии Шаҳри Душанбе Хабар медиҳад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top