14 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе чорабинии «T-tech-2025» бо ташаббуси «Tcell» ба ифтихори 25-солагии ширкат баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур роҳбари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, директори генералии ширкати «Tcell», роҳбарияти КВД «Таджинвест», инчунин шарикони рушд суханронӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби ширкати «Tcell» оғози тантанавии 5G ба истифодаи тиҷоратӣ баргузор гардид.
Иштирок дар форуми «T-tech-2025» қадами муҳим дар самти татбиқи лоиҳаҳои стратегии рақамисозии шаҳри Душанбе, инчунин платформа барои ҳамкории судманди минбаъда бо шарикони давлатӣ ва хусусӣ гардид.


Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte