16 апрели соли 2025 вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарияти ширкати кореягии «HANSAN International co.,LTD» баргузор гардид.
Мавзӯи асосии муҳокима лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахт ва маишӣ» буд. Дар доираи ин лоиҳа, ҷонибҳо ҷорӣ кардани системаи газификатсияи пиролизро, ки ба коркарди партовҳои сахт ба энергия равона шудааст, муҳокима карданд. Технологияи пешниҳодкардаи ҷониби корея истифодаи якҷояи пиролиз ва газификатсияро барои самаранок табдил додани партовҳо ба гази синтезӣ дар бар мегирад, ки метавонад барои истеҳсоли нерӯи барқ, гармӣ ва инчунин ҳамчун ашёи хом барои саноати кимиёвї истифода шавад.
Вохӯрӣ бо нияти муҳокимаи минбаъдаи пешниҳодҳои технологӣ, нобудсозӣ ва коркарди партовҳои сахти маишӣ самаранок гузашт.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte