Мулоқоти роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сардори Хадамоти хариди давлатии Кореяи Ҷанубӣ

21 майи соли 2025 дар Раёсати Бозрасии давлатии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Раёсати Бозрасиии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сардори Хадамоти хариди давлатии Кореяи Ҷанубӣ Бек Син-Бо баргузор шуд. Дар мулоқот роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин вохӯрӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракати роҳ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар кори Нозироти давлатии автомобилро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба рақамикунонии равандҳои санҷишӣ, ҷорӣ кардани системаҳои автоматикунонидашудаи назорати суръат ва сабти қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин ҳамгироии чароғакҳои ҳушманд бо системаи «Шаҳри бехатар» равона карда шуд.

Ин вохӯрӣ ба таъсиси ҳамкории дуҷониба барои татбиқи қарорҳои инноватсионӣ ва самаранок оид ба ташкили ҳаракат дар роҳҳои пойтахт мусоидат кард.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top