Шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем самимона табрик менамоем.
Ҳукумати мамлакат нисбати ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, амалӣ гардонидани тадбирҳои заруриро ба хотири дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо то ба имрӯз идома дода истодааст.
Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз ҷавонони мо дар дигаргунсозиҳои ҷомеаи навин фаъолона иштирок карда, дар муаррифии давлати тоҷикон ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши шоиста доранд.
Бори дигар, ҳамаи ҷавонон – насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, иқболи баланд, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаатон ба хотири ободии Ватани азизамон – Тоҷикистон комёбиҳои нав ба нав орзу менамоем.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte