Мулоқоти муовинони Раиси шаҳри Душанбе бо муовини сардори Хадамоти хариди давлатии Кореяи Ҷанубӣ

21 майи соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ ва Саломзода Раҳмиддин Салом бо муовини сардори Хадамоти хариди давлатии Кореяи Ҷанубӣ Бек Син-Бо баргузор гардид. Роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ дар ин вохӯрӣ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаи рақамисозӣ, инноватсия ва баланд бардоштани самаранокии хариди давлатиро баррасӣ намуданд.

Ба имкониятҳои ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ба равандҳои инфрасохтори шаҳр диққати махсус дода шуд.

Ин вохӯрӣ қадами муҳим дар барқарор намудани муносибатҳои дуҷониба ҷиҳати татбиқи қарорҳои муосир ва самаранок барои рушди устувори пойтахти Тоҷикистон гардид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top