15 октябр, дар шаҳри Душанбе, рӯзи дуюми Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-Инвест-2025» бо баргузории як қатор ҷаласаҳои панелӣ идома ёфт.
Дар ин ҷаласаҳо намояндагони сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ ширкат варзиданд./h3>
Панели аввал бо сухани ифтитоҳии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр оғоз гардида, ба кори форум барору комёбиҳо орзу намуда, аҳамияти он барои рушди иқтисоди сабзро таъкид кард.
Қайд гардид, ки форум ҳамчун платформаи васеъ барои тарғиби имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон хизмат мекунад.
Ҳамчунин, форум ба ҷалби сармояҳо тавассути имзои созишномаҳо ва ташкили шарикӣҳои стратегӣ мусоидат хоҳад кард. Ин чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нигаронида шудааст.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte