19 январи соли 2021 дар дафтари кории Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мулоқоти директори КВД “Шаҳри ҳушманд” Саъдӣ Самадзод бо Директори генералии ҶДММ “Хуавей технологияҳои Тоҷикистон” Цуй Фен баргузор гардид.
Дар фазои кушод, дӯстона ва созанда ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, инчунин оид ба татбиқи лоиҳаҳои интеллектуалӣ ва дурнамоии рушди онҳо низ мубодилаи афкор намуданд.
Пас аз анҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкориҳои дуҷониба ва самаранок дар раванди пешбурди масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ изҳор намуданд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед