26 январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар муроҷиат кард.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар. Инчунин соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ инъикос ёфтаанд.
Дар ин рӯзи фархунда аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо таваҷҷӯҳ ва шавқу рағбати зиёд дар тамошои мустақими телевизионии Паёми Президенти кишвар ба Парлумони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Пас аз тамошои мустақими телевизионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар кормандон фикру андеша ва таассуроти худро нисбати ҳар як самти Паём иброз намуда, иҷрои онҳоро сармашқи кори худ менамоянд.
Обуна шавед Viber
Обуна шавед Telegram
Илова кунед