Иштирок дар форуми “Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ ва инноватсия” дар доираи СҲШ.

Рӯзҳои 23-24 июни соли 2021 Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар сатҳи вазирони иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷӣ дар мавзӯи “Тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоди рақамӣ, савдои электронӣ ва инноватсия” тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар Форум вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Рошетников М. Г, вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Б. Т, вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Карима Х. Ф, муовини вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустамов О. Б, муовини вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур А. ва роҳбарони дигар ҳайатҳо дар навбати худ оид ба густариши ҳамкориҳои муштарак дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия баромад намуда ва омодагии худро ҷиҳати ҳарчӣ бештар тақвият додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар доираи СҲШ иброз доштанд.

Дар ҷаласаи мавзӯии “Таҷрибаи кишварҳои СҲШ дар самти татбиқи системаи ҳукумати электронӣ ва таъмини хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ” директори КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” Самадзод Саъдӣ Хайрулло баромад намуда, оиди рақамикунонии хизматрасониҳо дар шаҳри Душанбе, самтҳои фаъолияти корхона ва татбиқи лоиҳаҳои ҳушманд ибрози назар карданд.

Дар охири Форум бо мақсади бештар тақвият додани ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои қайдгардида дар доираи СҲШ аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ “Эъломияи Душанбе” қабул гардид.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top