Вохури бо хайати Бонки Умумиҷаҳони

27 октябри соли 2021 директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Самадзод Саъди Хайрулло ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Шаҳри ҳушманд бо ин бонки бонуфузи молиявии ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Мақсади асосии вохўриро масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва инчунин рушди низоми рақамӣ дар шаҳри Душанбе ташкил дод.

Ҷониби Бонк барои тақвият додани фаъолияти худ дар Ҷумњурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои дар рафти мулоқот пешниҳодгардидаи сармоягузорӣ ва пешниҳоди кумаки техникӣ омодагии худро зоҳир намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top