Мулоқот бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ

Санаи 7 декабри соли 2021 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии директори Корхона Саъдӣ Самадзод бо намояндагони Бонки умумиҷаҳонӣ: сармутахассиси рушди рақамӣ Чарлз Харпи, мутахассиси рушди рақамӣ Анелия Мюллер ва ассистенти лоиҳа Идибек Раҳимов доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ директори Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» Саъди Самадзод самтҳои фаъолияти корхонаро муаррифӣ намуда, оиди лоиҳаҳои ҳушманд аз ҷумла «е-Donish»-дар соҳаи маориф, «еТиб»-дар соҳаи тандурустӣ ва сохтмони Маркази коркарди маълумот (ЦОД) маълумот манзур намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top