Форуми содиротии Тюмен

Санаи 7 декабри соли 2021, Форуми содиротии Тюмен баргузор гардид. Ин платформаи солонаи коршиносӣ ва таълимӣ барои рушди содирот ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад. Яке аз мавзӯъҳои муҳими Форум «Саноати созанда барои пешрафти иқтисодӣ» буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Тюмен, содиркунандагони пешқадам ва баромадкунандагон аз шаҳрҳои гуногун худро муаррифӣ намуда, таҷрибаи худро мубодила карданд.

Рушди технологӣ, рақамикунонӣ ва ҷорӣ намудани равандҳои муосири ҳамгироӣ рӯзномаи навро муайян мекунанд. Торафт бештари кишварҳо барои рушди устувор ва шукуфоии давлатҳо шаҳрҳои ҳушманд эҷод мекунанд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» дар Форуми содиротии Тюмен ҳамчун намунаи муваффақият дар ташкили шаҳри ҳушманд баромад кард.

Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» самтҳои фаъолияти корхонаро муарифӣ намуда, оиди лоиҳаҳои ҳушманд аз системаи GPS дар нақлиётҳои ҷамъиятӣ, “е-Donish”-дар соҳаи маориф ва “еТиб”-дар соҳаи тандурустӣ, маълумот манзур намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардид ва ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро боз ҳам густариш хоҳанд дод.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

scroll to top