Санаи 2 декабри соли 2021 дар Маскав Конгресси дуюми Авруосиё оид ба рушди рақамикунонӣ баргузор гардид. Конгресс худро ҳамчун як платформаи бонуфузи муколамаи ошкорои намояндагони ҳукумат ва соҳибкорон дар фазои Авруосиё муаррифӣ кард.
Имсол иштирокчиён масъалаҳои амалии баланд бардоштани нақши соҳибкорон, доираҳои соҳибкорӣ ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар кушодани иқтидори ҳамгироии кишварҳо – амиқсозии ҳамкориҳои саноатию техникӣ, табодули технологияҳои пешрафта ва эҷоди занҷирҳои нави арзишро баррасӣ карданд.
Нахустин Конгресси Авруосиё як сол пеш баргузор шуда буд, ки дар он сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин пешниҳоди таъсис додани фазои ягонаи рақамӣ барои кишварҳои Авруосиё карда буд.
Чорабинии мазкур аз ҷониби Бонки Авруосиёи Рушд бо дастгирии ҳукумати Русия баргузор мешавад.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед