Санаи 21 июли соли 2021 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мулоқоти директори Корхона Саъди Самадзод бо директори иҷроияи ширкати суғуртавию содиротӣ “KazakhExport” Куаныш Мукажанов ва намояндаи хориҷии “KazakhExport” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамеш Худоиев, баргузор гардид.
Ҳадафҳои асосии ширкати “KazakhExport” – ин дастгирии афзоиши содироти ашёи хом, хизматрасонӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодӣ инчунин дастгирии корхонаҳо дар соҳаи молиявию суғуртавӣ ва ғайримолиявӣ.
Дар ҷараёни мулоқот директори Корхона меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти корхона шинос карда, ба лоиҳаҳои – “IT-park”, “Системаи идоракунии партовҳои сахти маишӣ”, “Таваққуфгоҳи ҳушманд”, “Ҳукумати электронӣ”, “Шаҳри бехатар” шинос намуданд.
Оиди лоиҳаҳои зикргардида намояндагони “KazakhExport” изҳори ҳавасмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати ҳамкории дуҷониба баён намуданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона баргузор гардида, дар рафти музокирот ҷонибҳо стратегияи ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро муайян намуданд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед