Иштироки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар Намоишгоҳи байналмилалии «TajBuild 2024»

Аз 10 то 12 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBuild 2024» баргузор мегардад.

Дар он 67 ширкат иштирок мекунанд, ки зиёда аз 80 брендро аз тамоми ҷаҳон намояндагӣ мекунанд – истеҳсолкунандагон ва дилерҳои масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ, мебел ва ороиши дохилӣ, техникаи вазнин ва химияи сохтмонӣ, нармафзор ва маҳсулоти таблиғотӣ. Намоишгоҳ имконияти шиносоиро бо доираи васеи навгониҳои ширкатҳои пешрафтаи ҷаҳон фароҳам меорад.

Ба намоишгоҳи «TajBuild» намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, намояндагони Палатаи савдо ва саноат, инчунин намояндагони тиљоратӣ ва сафирони ваколатдори кишварҳои Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Эрон, Туркия ва созмонҳои байналмилалӣ ташриф меоранд.

Намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city) – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Гурӯҳи ширкатҳои Эра» низ дар ин намоишгоҳ иштирок доранд ва лоиҳаи харитаи Электронии шаҳри Душанбе – ро муаррифӣ менамоянд.

Харитаи электронии шаҳри Душанбе – Лоиҳаи инноватсионӣ бо талаботи давраи нав дар соҳаи рақамисозии шаҳр мебошад. Лоиҳа харитасозиро дар бар мегирад, ки дар доираи он корҳо оид ба муайян кардани марзҳои шаҳр, таҳияи харитаи электронии шаҳр ва омодасозии инфрасохтор, инчунин тавсиф ва таҳрезии система гузаронида мешаванд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top