Иштироки КВД «Шаҳри ҳушманд» дар Форуми «STARTUPSTAN 2024»

12 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми «STARTUPSTAN 2024» баргузор гардид.

Мақсади форум таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорон ва густариши муколама байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ҷустуҷӯи имкониятҳо барои рушди стартапҳо мебошад.

КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин Форум иштирок карда, лоиҳаҳои худро дар соҳаи рақамикунонии шаҳри Душанбе пешниҳод намуд.

Татбиқи пешниҳодҳои рақамии Шаҳри ҳушманд ба идоракунии самараноки захираҳо, аз ҷумла маълумот, вақт, молия ва захираҳои инсонӣ тавассути таъмини рушди устувор ва рақобатпазирӣ дар тағйирёбии ҷаҳонии рақамӣ мусоидат мекунад.

Форум ҳамчун майдончаи мубодилаи ғояҳо, дониш ва таҷриба хизмат мекунад, ки минбаъд барои татбиқи лоиҳаҳои муваффақ истифода бурда мешавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top