10 апрели соли 2026 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Душанбе бо ибтикори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид.
Чорабинӣ ба рушди малакаҳои касбӣ ва дастгирии инноватсияҳо бахшида шуда, ҷавонон ихтироъҳо ва дастовардҳои худро муаррифӣ карданд. КВД «Шаҳри ҳушманд» низ фаъолияти худро дар самти инфрасохтори рақамӣ ва муҳити инноватсионӣ ба намоиш гузошт.
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, ширкатҳои хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, барои мубодилаи таҷриба ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳаи инноватсия замина фароҳам оварданд.







Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte