19–уми ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм, ЮНИСЕФ ва маблағгузории Иттиҳоди Аврупо дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми миллии машваратӣ зери унвони «Таҳияи харитаи роҳи миллии рақамикунонии соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Ҳадафи харитаи роҳ устуворона пешбурди тағйироти рақамӣ дар бахши маориф мебошад. Он дар ҳамкорӣ ва таҳти роҳбарии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, заминаи стратегӣ ва амалиро барои ноил шудан ба ҳадафҳои таълимӣ бо таваҷҷуҳ ба ҳалли рақамӣ фароҳам меорад.
Дар кори Форум Саъдӣ Самадзод-директори корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд (Smart city) ”- и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди Барномаи электронии “eDonish” суханрони намуда кайд карданд, ки Барнома бевосита бо ташаббуси созанда ва навоваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Саъдӣ Самадзод дар идомаи суханронӣ гуфт, ки Барномаи “eDonish” комилан ройгон буда, истифодабарандагони барнома (волидон ва омӯзгорон) метавонанд аз хизматрасониҳои барнома озодона истифода баранд ва мо дар татбики барномаи “еДониш” барои ҳамкорӣ бо ташкилотхои манфиатдор омодаем.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед