19 августи соли 2025 бо ташаббуси ширкати байналмилалии «Huawei», дар меҳмонхонаи «Hilton»-и шаҳри Душанбе чорабинии сатҳи баланд таҳти унвони «Huawei Middle East & Central Asia» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Чорабинӣ ба табодули таҷриба ва донишҳои муосир дар самти амнияти иттилоотӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ бахшида шуда, мутахассисон ва барномасозони пешсаф рунамоҳои худро дар бораи таҳдидҳои ҷорӣ, ҳалли системаҳои нигаҳдорӣ ва тамоюлҳои лоиҳакашии марказҳои маълумот пешниҳод намуданд.
Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ, финтех-ширкатҳо, стартапҳо, акселераторҳо, ширкатҳои венчурӣ, коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва пардохт, инчунин иштирокчиёни бозорҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузур доштанд.
Чорабинии мазкур ба рушди ҳамкорӣ ва мубодилаи донишҳои муосир равона гардида, дар самти муқовимат бо таҳдидҳои киберӣ ва таҳкими амнияти системаҳои иттилоотӣ саҳми назаррас мегузорад.





Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte