18 августи соли 2025 дар бинои кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо роҳбари намояндагии UNICEF дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Артур Ван Дизен баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти рушди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои навро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, лоиҳаи “eDonish” ва бахши технологияҳои сабз мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Лоиҳаи «eDonish» ҳамчун як барномаи инноватсионӣ дар соҳаи рақамикунонии маориф буда, қайд гардид, ки барнома барои идоракунии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе таҳия шуда, маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, маводи таълимӣ, маълумот дар бораи фаъолияти хонандагон, рӯйдодҳои дарпешистодаи мактаб ва низоми рейтингии муаллимон ва хонандагонро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо аҳамияти татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳо тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин таҳкими сатҳи дониши ҷавонон дар соҳаи технологияҳои муосири IT таъкид намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкоронаи баланд баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.



Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte