Санаи 15 августи соли 2025 дар бинои кории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо роҳбари корҳои ташрифотӣ ва маъмурии Ҳукумати Фландрияи Шоҳигарии Белгия хонум Ҷилл Виллем Суетенс ва Роҳбари гурӯҳи «Via Via», Раиси шӯрои директорони шабакаи ширкатҳои сайёҳии Подшоҳии Белгия, ҷаноби Боб Элсен баргузор гардид.
Сараввал ба меҳмонон рӯнамоӣ фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои «Ҳушманд» пешниҳод ва муаррифии гардид.
Инчунин, ҷонибҳо қайд намуданд, ки ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва фароҳам намудани инфрасохтори мусоиди соҳаи маориф, тандурустӣ, бехатарии шарвандон ва беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат, баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, масъалаҳои ҷалби ширкатҳои Подшоҳии Белгия, ки омодаанд ба иқтисодиети шаҳри Душанбе сармоягузорӣ намоянд, лоиҳаҳои муштараки иҷтимоию иқтисодӣ, ҷалби грантҳо ва ҳамкорӣ бо фондҳои Подшоҳии Белгия, курсҳои такмили ихтисос ва мубодилаи таҷриба дар табдили рақамӣ, коркарди партовҳои сахти маишӣ, равшании ҳушманд ва татбиқи пешниҳодҳо ва рушди лоиҳаҳои «Сабз» баррасӣ шуданд.
Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар оянда барои густариш ёфтани муносибатҳои дуҷониба ҳамкорӣ менамоянд.
Ҳамзамон, вохӯрӣ дар фазои дӯстона бо нияти ҳамкориҳои минбаъда, табодули таҷриба ва таҷрибаомӯзии пешрафта дар соҳаи технологияҳои ҳушманд баргузор карда шуд.
Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte