18 марти соли 2024 намояндагони КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» дар Форуми ҷонибҳои манфиатдор оид ба муаррифии лоиҳаи баррасии ихтиерии миллӣ дар мавзӯи: «Ҷанбаҳои баррасии лоиҳаи ихтиёрии маҳаллии шаҳри Душанбе», ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо шарикони байналмилалии рушд баргузор гардид, иштирок намуданд.
Баррасии ихтиёрии миллӣ равандест, ки тавассути он кишварҳо пешрафт ва камбудиҳоро дар татбиқи ҳадафҳо вазифаҳои рушди устувори СММ ҷамъоварӣ ва арзёбӣ мекунанд. Он метавонад ҳамчун катализатор барои татбиқи миллии ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва муносибати умумидавлатӣ муфид бошад.
Дар доираи Форум корҳои амалӣ оид ба арзёбии меъерҳои ин баррасии миллӣ гузаронида шуданд.
Иштирокчиени Форум изҳори ният карданд, ки гуфтушунидро дар ин самт барои таҳлили бомуваффақият аз рӯи нишондиҳандаҳои рушди устувори шаҳри Душанбе идома диҳанд.
Тарҷумаҳо: Руcский
Илова кунед