Мулоқоти директори КВД «Шаҳри ҳушманд» бо намояндагони Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

20 марти соли 2024 дар Маркази татбиқи лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқоти роҳбарият ва кормандон бо намояндагони Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо сарварии директори институт, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода баргузор гардид.

Дар ҷараени мулоқот рӯнамои лоиҳаҳои КВД «Шаҳри ҳушманд (smart city)»: «Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ», «Шаҳри бехатар» ва «Пардохти ҳушманд (Smart pay) пешниҳод карда шуд.

Системаи автоматикунонидашудаи бақайдгирии қоидавайронкуниҳо маҷмӯи воситаҳои техникӣ мебошад, ки дар ҳолати худкор ҳодисаҳоро бо аломатҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аксбардорӣ мекунад, рақами воситаи нақлиетро муайян карда, маълумоти ба қайд гирифташударо тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ба АДД интиқол медиҳанд.

Мақсади асосии лоиҳа таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо тавассути ошкор кардани вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо ёрии таҷҳизоти махсуси муосир мебошад.

Дар доираи рунамои лоиҳаи «Пардохти ҳушманд» зикр гардид, ки соли 2023 дар 13 зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ хизматрасониҳои пулакӣ мерасонанд, платформаи «Пардохти ҳушманд (Smart pay)» таъсис дода шуд.

Дар ҷамъбасти мулоқот директори Институти иқтисод ва демографияи академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Шариф Раҳимзода аҳамияти татбиқи ин лоиҳаҳоро дар шаҳри мо зикр намуда, дар самти фаъолияти КВД «Шаҳри ҳушманд» якчанд маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар навбати худ, роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» нияти ҳамкориро бо Институти иқтисод ва демографияро бо мақсади таҳкими муносибатҳо барои табодули таҷриба ва рушди инфрасохтор изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top