Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» барои солҳои 2023–2024 баргузор гардид

29 ноябри соли 2025 дар толори «IT Park»-и шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон барои солҳои 2023–2024» баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири рушди иқтисод ва савдо, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КВД «Шаҳри ҳушманд», намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, Академияи миллии илмҳо, профессорону олимон, созмонҳои байналмилалӣ ва иштирокчиёни лоиҳаҳои инноватсионӣ ҳузур доштанд ва суханронӣ намуданд.

Ҳадафи баргузории озмун дастгирии иқтидори зеҳнӣ, рушди навоварӣ ва таҳкими заминаҳои иқтисоди миллӣ мебошад.

Дар доираи чорабинӣ ҷоизаҳои ғолибон аз рӯи номинатсияҳои «Ихтироъкори беҳтарин» супорида шуда, инчунин намоишгоҳи ихтироъҳои ҷавонон баргузор гардид.

Озмун ҳамчун платформаи муаррифии идеяҳои навоварона ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ миёни сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва соҳибкорони ҷавон хизмат мекунад.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top