Мулоқот бо намояндагони ЮНИДО

15 марти соли 2024 дар КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)»- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот бо мутахассисони Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат Фаррух Алимҷонов, Алексей Саврасов, инчунин коршиноси байналмилалӣ оид ба табдили рақамӣ Ашраф Абушади ва мутахассиси Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Ҷунайдова баргузор гардид.

Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» фаъолияти корхона ва имкониятҳои ҳамкорӣ рунамо карда шуданд. Ба лоиҳаҳои «Равшании ҳушманд» ва «IT park» диққати махсус дода шуд.

Қайд карда шуд, ки ин лоиҳаҳои равишҳои инноватсионӣ дар муҳити шаҳрӣ мебошанд, ки бо истифодаи технологияҳои пешрафта ва системаҳои зеҳнӣ асос ёфтаанд.

Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо нияти ҳамкориҳои минбаъдаро оид ба лоиҳаҳои таваҷҷӯҳи тарафайн изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top