Мулоқоти роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» бо Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

10 ноябри соли 2025 мулоқоти роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд (Smart city)» — Мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ко Сакамото баргузор гардид.

Аз ҷониби КВД «Шаҳри ҳушманд» рӯнамоии фаъолияти корхона ва лоиҳаҳои он пешниҳод шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва таҳияи роҳҳои татбиқи ҳалли инноватсионӣ дар зерсохтори шаҳриро баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи нақлиёти шаҳриро, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва устувории зерсохтори нақлиётии пойтахт равона шудаанд, муҳокима карданд. Ба лоиҳаи идоракунии партовҳои маишии сахт, ки татбиқи технологияҳои муосири ҷамъоварӣ, ҷудосозӣ ва коркарди партовҳоро дар бар мегирад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуда, аҳамияти талошҳои муштаракро дар рушди муҳити зисти оқилона ва экологӣ бехатар таъкид карданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top