Вохӯрии роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» бо ширкати амрикоии JHS Group

23 октябри соли 2025 дар бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»–и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти корхона бо намояндагони ширкати амрикоии JHS Group баргузор гардид.

Ширкати амрикоии JHS Group, ки аз ҷониби собиқ кормандони Amazon Web Services таъсис ёфтааст, дар соҳаи сохтмон ва идоракунии марказҳои маълумот (Data Center) аз омодасозии шабакаҳои муҳандисӣ то ба истифода додани пурраи иншоот таҷрибаи байналмилалӣ дорад.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои хизматрасониҳои ҳамаҷониба оид ба сохтмон ва идоракунии марказҳои маълумот (Data Center), инчунин ташкили платформаҳо барои мубодилаи таҷриба бо кишварҳои дигар дар самти рақамисозиро мавриди муҳокима қарор доданд.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва ҳамкории самаранок баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи нақшаҳои муштарак ҷиҳати рушди устувори рақамӣ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top