23 октябри соли 2025 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, Саломзода Раҳмиддин ва роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» бо Директори Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки рушди Авруосиё (БРА) Александр Петров баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои рушди инфрасохтори рақамии пойтахтро баррасӣ карданд, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе», рушди низоми «Ҳукумати электронӣ», инчунин лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёти барқии шаҳрӣ.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати робитаҳои шарикӣ изҳор намуданд.




Тарҷумаҳо:
Руcский
Илова кунед

Viber,
Telegram,
Facebook
VKontakte