Вохӯрии роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд” бо ширкати “Pan-China Construction Group Co., Ltd.”

23 апрели соли 2026 роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart city)” -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо намояндагони ширкати “Pan-China Construction Group Co., Ltd.” вохӯрии корӣ анҷом дод.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро дар соҳаи инфрасохтори шаҳрӣ, ҳалли рақамӣ ва лоиҳаҳои “Шаҳри ҳушманд” баррасӣ карданд. Таъкид ба масъалаи муосиргардонии нақлиёт, низоми равшанидиҳӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии захираҳои шаҳрӣ гузошта шуд.

Ширкати “Pan-China” таҷрибаи байналмилалии худро дар татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва равишҳои муосир ба рушди мукаммали муҳити шаҳрӣ муаррифӣ кард.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими шарикӣ ва коркарди самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ ба хотири рушди устувори шаҳри Душанбе изҳор намуданд.

Тарҷумаҳо: Руcский

Дар Viber, Telegram, Facebook ва VKontakte бо мо бимонед.

Илова кунед

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

scroll to top